Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо бо муфтӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон баррасии даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода бо иттиҳоми таҳқир ва тақаллуби имзои аъзои Шӯрои уламо идома ёфт. Қозӣ қаблан ба ҷонибҳо барои оштӣ 10 рӯз фурсат дод, вале раиси Шӯрои уламо шартҳои Тӯраҷонзодаҳо барои мусолиҳаро напазируфт. Тӯраҷонзодаҳо лағви қарори ин Шӯроро, ки ин хонаводаи маъруфи рӯҳониро ба шиъагароӣ айбдор мекард, азсаргирии намозҳои ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадияи марбут ба онҳо ва ҳам даъвати онҳо ба нишасти Шӯрои уламоро шарт гузошта буданд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода имрӯз гуфт, агар ҳамаи аъзои Шӯрои уламо ҳақиқати имзои худ дар зери ин қарорро таъйид кунанд, омода ҳаст, аз даъвои худ алайҳи Абдулқодирзода гузарад.
XS
SM
MD
LG