Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як мақоми шаҳрдории Кӯлоб


Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб

Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб

Як узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шудааст.

Умаралӣ Ясадов, сардори бахши минтақавии Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб ва узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сел дар ин шаҳр аз як зани зарардида аз офати табиӣ барои додани манзили зист 2500 доллар пора хостааст.

Аммо ин зан гуфтааст, ки танҳо имкони додани 1000 долларро дорад. Ин масъули шаҳрдорӣ 500 долларро гирифта ва ҳангоми гирифтани 500 доллари боқимонда боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ин масъули Оҷонсии зидди фасод, оқои Бобоев аз ин қабл низ аз яке зарардидаи дигари офати табиӣ 800 доллар гирифта будааст. Ҷаноби Ясадов ҳамчунон гуфт, баъзе аз қонуншиканиҳои дигар низ ошкор шудаанд, ки ба хотири раванди тафтишот аз ироаи онҳо худдорӣ мешавад.

Умаралӣ Ясадов

Умаралӣ Ясадов

Ин масъули Оҷонсии мубориза бо фасод аз ироаи ҷузиёти бештар дар бораи боздошти Рустам Бобоев худдорӣ кард, аммо гуфт дар ҳоли ҳозир парвандаи ӯ дар дасти баррасӣ мебошад.

Ин барои аввалин бор аст, ки як мақоми шаҳрдории Кӯлоб ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт мешавад.

Зимнан, дар пайи обхезӣ ва сели соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 1500 манзили зист хароб шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Аммо барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ба мардуми осебдида кулли вазорату идораҳои кишвар вобаста шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили иди истиқлол дар моҳи сентябри соли 2010, калиди бархе аз хонаҳои навро ба мардуми осебдида супурда буд.

Селхезӣ дар Кӯлоб (навор аз бойгонӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG