Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як узви куммиссиюни давлатӣ дар Кӯлоб


Як узви куммиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб бо иттиҳоми ришвахоҳӣ боздошт шудааст. Умаралӣ Асадов, раҳбари бахши минтақавии Ожонси мубориза бо фасод гуфт, Рустам Бобоев аз як зан барои ҷудо кардани қитъаи замин 500 доллар пора хостааст. Бар асари сели моҳи майи соли 2010 дар Кӯлоб 14 кас ҳалок шуд ва барои 615 хонаводаи осебдида дар як канори шаҳр манзилҳои нав сохтанд.
XS
SM
MD
LG