Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши 50 китоби чопи Эрон дар Кӯлоб


Додгоҳи шаҳри Кӯлоб фурӯши 5 номгӯ аз 200 китоберо, ки аз Эрон ба як тоҷири маҳаллии китоб фиристодаанд, манъ кардааст. Қозӣ Ҷамшед Аҳмадов ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки ин маводро барои баррасӣ хадамоти гумрук ба додгоҳ ирсол карда буд. Дар маҷмӯъ, дар ин бастаи иборат аз 200 китоб 20 номгӯ будааст. Додгоҳ фурӯши танҳо 50 китоберо, ки дар «рӯйхати сиёҳ»-и вазорати фарҳанг буд, манъ карда, фурӯши 150 китоби дигар аз ин бастаро иҷозат додааст.
XS
SM
MD
LG