Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се тоҷик дар як садама дар Русия


Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Маскав –Санкт-Петербург 3 шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Бино ба хабари Азия Плюс, мошини ВАЗ421150-и муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди шаҳри Валдай ба як мошини боркаши тамғаи Volvo бархӯрдааст, ки дар натиҷа Рустами Мурод ва Обидҷон Саидмуродов аз ноҳияи Бохтар ва Ҳалимҷон Назаров аз Душанбе ҷон бохтанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтаанд, ки ҷанозаҳои ин се ҷавонмаргро имрӯз ба Душанбе мефиристанд.
XS
SM
MD
LG