Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти расмии Украина мегӯянд, дар натиҷаи сармои шадид, ки ҳоло дар Аврупо ҳукм меронад, дар ин кишвар тақрибан 135 нафар ҷон додаанд.

Мақомот дар ҳар ҷо хаймаҳои гарм гузоштаанд ва барои эҳтиёҷмандон чой ва хӯроки гарм фароҳам овардаанд, то бад-ин тариқ онҳо таъсири сарморо ба осонӣ паси сар кунанд.

Бо вуҷуди ин, дар шаҳри Киев мардуми бесарпаноҳ ва кормандони баъзе хадамот, ки дар кӯчаву хиёбон кор мекунанд, шикоят кардаанд, ки мақомоти расмӣ дар ин рӯзҳои сард тадбирҳои кофӣ наандешидаанд, то афроди осебпазир аз сармо паноҳгоҳ дошта бошанд.

Брилюк, сокини Киев бо риши сафеди нотарошида яке аз ҳазорон нафар афроди бесарпаноҳ аст, ки тавонистааст худро ба хаймае бирасонад ва аз сармои 30 дараҷаӣ наҷот ёбад. Вай ба бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, чанд соли пеш вайро хонумаш аз хона рондааст ва вай то ҳол сарпаноҳ надорад. Вай аз имкони ёфтани паноҳгоҳ дар хайма изҳори сипос мекунад, вале мегӯяд: “Дастикам ба мо мисли Гулаг сарпаноҳе диҳед, гармӣ диҳед, каме шароит диҳед барои шустушӯ, тарошидани риш ва тоза кардани бадан. Ман пуле надорам. Аслан чизе надорам. Шумо мебинед, ман дар чӣ ҳол ҳастам. Агар мо барои ин давлат даркор бошем, бояд кор кунем.”

Хаймае, ки Брилюк дар он гарм мешавад, танҳо чанд курсии плостикӣ дорад. Вай баъд аз як-ду соат худро боз ба берун ба оғуши сармо мезанад ва барои хоб ба таҳхонаи сарду тор бармегардад. Вай гаҳ-гоҳе шабро дар он ҷо рӯз мекунад.

Мақомот дар саросари Украина 3 000 хайма гузоштаанд ва дар он ҷо барои ба истилоҳ “меҳмонони сармохӯрда” хӯроки гарму чой муҳайё кардаанд. Бештари 135 нафар дар минтақаҳои Донетск ва Днепропетровск дар шарқи Украина аз сармо ҷон додаанд.

Людмила Денисова-вазири пешини кор ва ҳифзи иҷтимоии Украина мегӯяд, бисёре аз мардуми бесарпаноҳ аз ин хаймаҳо огаҳӣ надоранд ва ё гузоштани хайма дар ҳама ҷо имкон надорад. Барои ҳамин мақомот бояд бигарданд ва ин гуна одамонро аз ҳар ҷо ҷамъ кунанд, вагарна онҳоро сармо мезанад.

Имсол сармо дар Украина нисбат ба Русияву Полша ва кишварҳои дигари Аврупо шадидтар аст. Григорӣ Марченко-корманди вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Украина мегӯяд, шахсони бесарпаноҳ ва хиёбонӣ нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунанд ва ин кор сабаби даргузашти аксарият дар сармо шудааст.

Вале Павло Розенко-коршиноси умури иҷтимоӣ дар Киев мегӯяд, бархӯрди номуносиби мақомот ба мушкили мардуми бесарпаноҳ сабаби пеш омадани чунин бӯҳрон шудааст. Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар Украина 15 ҳазор нафар бесарпаноҳ сабти ном шудаанд. Вале созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, шумораи чунин афрод ба 600-800 ҳазор нафар мерасад. Ба гуфтаи Розенко, чунин одамон на танҳо дар кӯчаву хиёбонҳо аз сармо ҷон медиҳанд. Мақомот фақат онҳоеро ҳисоб мекунанд, ки худашон мебинанд. Вале афроде низ ҳастанд, ки шояд дар гӯшаҳои дигар аз сармо ва мушкилӣ ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG