Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қафқоз ду ҷангсолор кушта шуд


Шоми рӯзи сешанбе дар наздикии шаҳри Налчик-маркази Кабардино-Балқар ду ҷангсолор кушта шудаанд. Бино ба маълумоти кумитаи минтақавии расидагӣ ба ҷиноёт, кормандони пулис талош кардаанд барои тафтиши ҳуҷҷатҳо автомашинаи «Лексус»-ро нигоҳ доранд. Дар он ду сокини маҳаллӣ савор буданд. Вале ин ду нафар ба сӯи кормандони пулис оташ кушодаанд ва поба фирор ниҳодаанд. Ҳангоми фирор онҳо ба мошини рӯ ба рӯ бархӯрдаанд. Кормандони пулис дар оташи ҷавобӣ ҳар ду мусофири «Лексус»-ро нобуд кардаанд. Аз мошини рӯ ба рӯ касе осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG