Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди тилло дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Бино ба хабари “Авеста”, Тоҷикистон дар соли 2011 воридот ва содироти маъданҳои гаронбаҳоро афзоиш додааст. Содироти сангҳо ва маъданҳои гаронбаҳо 57,1 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2010 ин нишондод ба 23,9 миллион доллар баробар будааст. Бино ба маълумоти вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар соли 2011 истихроҷи тилло 2 тоннаву 241 килоро ташкил додааст, ки он нисбат ба соли 2010 134,4 кило бештар аст. Вазорат гуфтааст, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2012 тавлиди тиллоро 200 килои дигар афзоиш диҳад. Бо вуҷуди ин, соли гузашта Тоҷикистон аз ширкати “Апреловка” 50 кило тилло харидорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG