Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик маҷаллаи худро дар Петербург чоп мекунанд


Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
Ҷамъияти ҷавонону донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург корҳои омодагиро барои чопи маҷаллаи худ ба забонҳои русиву тоҷикӣ ба поён расондаанд. Дар ин бора Фаррух Сатторов-раиси ҷамъияти донишҷӯёну ҷавонони тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ба радиои Озодӣ хабар дод. Ин маҷалла аз 10 саҳифа иборат буда, метавонад барои муҳоҷирони кории тоҷик дастурамале бошад. Маҷаллаи номбурда дар чаҳорчубаи лойҳаи ҷамъияти ҷавонону донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург «Мусоидат ба ҳамгироӣ ва кӯмак ба муҳочирони корӣ» ба нашр мерасад. Дар ин кор барномаи Вазорати корҳои хориҷаи Голландия ба ҷавонони тоҷик кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG