Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Петербург боздошт шуд


Кормандони марзии Русия дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт Петербург Ғаниҷон Акрамов-шаҳрванди 28 солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Вай дар вилояти Калужская ба сар мебурдааст ва чанд сол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст. 12 июни соли 2005 Акрамов ва бародараш дар шабнишиние дар сари миз ба тахтапушти Маханов-шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо корд 8 зарба мезанад ва ба қатл мерасонад. Баъдтар ба Акрамов муйяссар шудааст, ки дар зодгоҳи худ шаҳри Қурғонтеппа шиносномаи нав гирад ва дар он баъзе ҳарфҳоро дар номаш тағир диҳад. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.
XS
SM
MD
LG