Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кормандони сафорати худро дар Ироқ коҳиш медиҳад


Сафорати Амрико дар Бағдод дар соли 2007
Сафорати Амрико дар Бағдод дар соли 2007
Бино ба гузориши яке аз рӯзномаҳои амрикоӣ, Вашингтон ба нақша гирифтааст, ки сафоратхонаи бузурги худро дар Ироқ хурдтар кунад ва бад-ин тариқ аз масорифи зиёд сарфаҷӯӣ намояд. Ҳоло дар ин сафоратхона 16 000 нафар кор мекунанд ва ин бузургтарин намояндагии дипломатӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Рӯзномаи New York Times менависад, Вашингтон ба нақша гирифтааст, ки нисфи коргарони ин намояндагиро кам кунад. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз додани тавзеҳот дар ин бора худдорӣ кард, вале коҳиши кормандони сафоратро таъйид намуд.
XS
SM
MD
LG