Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон шиддати сардии ҳаво нисбат ба рӯзҳои аввали ҳафта камтар хоҳад буд. Бориш намешавад.

Тибқи пешбиниҳо, дар шаҳри Душанбе дар нимаи аввали рӯз ҳаво офтобӣ, вале дар нимаи дуввум осмонро абр фаро мегирад, вале бориш дар назар нест. Ҳарорат рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд рӯзона аз 3 то 7 дараҷа гарм, шабона то 2 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар водии Вахш рӯзона то 4 дараҷа гарм, шабона то 4 дараҷа сард мешавад.

Дар Кӯлоб рӯзона то 5 дараҷа гарм шабона 4 дараҷа сард мешавад.

Дар Хоруғ ҳавои сард боқӣ мемонад. Рӯзона аз 2 то 6 дараҷа сард, шабона аз 14 то 20 дараҷа хунук хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG