Пайвандҳои дастрасӣ

Сафирони чанд кишвар Димишқро тарк мекунанд


Дар Ҳумс задухӯрдҳо идома доранд

Дар Ҳумс задухӯрдҳо идома доранд

Сарони се кишвари аврупоӣ - Италия, Фаронса ва Испания ва кишварҳои узви Шӯрои муттаҳидаи халиҷи Форс дар бораи бозхондани сафирони худ аз Сурия хабар доданд. Онҳо ин иқдомро бо идомаи хушунатҳо дар Сурия марбут карданд. Аз ин пеш ИМА сафораташ дар Димишқро муваққатан баст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ин иқдомро бо он рабт дод, ки "нигарониҳо аз таҳдид ба амнияти дипломатҳо" мавҷуд аст. Ӯ афзуд, "Лаҳистон розӣ шудааст, ки аз манфиатҳои мо дар Димишқ намояндагӣ кунад".

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Димишқ раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳам музокирот карданд. Ба иттилои хабаргузории САНА, Лавров изҳор намуд, ки Русия ба зиндагии орому осоиштаи мардуми Сурия манфиатдор аст. Қарор аст, ки дар ҷараёни ин сафар Сергей Лавров раҳбари Сурияро ба зарурати ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар мӯътақоид созад.

Рӯзи сешанбе, ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, бар асари бархӯрди нерӯҳои амниятӣ ва мухолифини ҳукумат дар шаҳри Ҳумс дасти кам 15 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки Анкара тарҳи нави ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар Сурияро таҳия кардааст.

Рӯзи шанбе Русия ва Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки дар он ба истеъфои Башор Асад таъкид шудааст, вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG