Пайвандҳои дастрасӣ

Довталабон дар баҳсҳо бо атрофиёни Путин ширкат намекунанд


Сергей Миронов, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Русия ва раҳбари ҳизби “Русияи боадолат”, аз ширкат дар баҳсҳои пешазинтихоботии телевизионӣ бо афроди боэътимоди Владимир Путин сарпечӣ кард.

Ӯ изҳор намуд, омода аст, ки фақат ба худи Путин суол диҳад. Аз ин пештар дигар номзад ба мақоми президентӣ Михаил Прохоров ҳам эълом дошт, ки дар баҳсҳо бо афроди боэътимоди Путин ширкат нахоҳад кард.

Нахустин баҳси телевизионии номзадҳо ба мақоми раҳбари Русия рӯзи душанбе миёни Михаил Прохоров ва раиси ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов баргузор шуд.

Ба феҳристи афроди боэътимоди номзад Владимир Путин 499 нафар – аҳли фарҳанг, варзишгарон ва хабарнигорон шомиланд. Онҳо ҳақ доранд, ки ба ҷуз ширкат дар баҳсҳои телевизионӣ, ҳамчунин дар тарғиби Путин ширкат намоянд ва нозиронро дар қитъаҳои интихоботӣ таъин кунанд.
XS
SM
MD
LG