Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Юнон боз даст ба коршиканӣ заданд


Дар Юнон коршикании умумимиллӣ ба нишони эътироз алайҳи чораҳои сарфаи буҷа ба хотири аз бӯҳрони иқтисодӣ берун кардани кишвар идома дорад. Мактабу бемористонҳо, бонку муассисаҳои давлатӣ фақат нимаи аввали рӯз кор карданд, нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҳаракати мунтазам бозмонда аст.

Имрӯз – рӯзи сеюми гуфтушунид миёни Афина ва ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо, Бунёди байнулмилалии пул ва Бонки марказии Аврупост, ки дар ҷараёни он Юнон бояд тарҳи коҳиши минбаъдаи масрафот, ислоҳоти қавонини кор ва системи бонкиро ба ивази қарзи нав ба маблағи 130 миллиард евро бипазирад.

Дар сурати дастрас нашудани ин қарз баъди каме бештар аз як моҳ Юнон варшикаста эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG