Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони суннимазҳаби Ироқ ба ҳукумат баргаштанд


Вазироне, ки дар ҳукумати Ироқ аз ҳизбии суннимазҳабон “Ал-Ироқия” намояндагӣ мекунанд, таҳрими нишастҳои кобинаи вазиронро қатъ карданд. Онро рӯзи сешанбе дар нишасти навбатии ҳукумат ширкат доштанд.

Сухангӯи нахуствазири Ироқ гуфт, ки Нурӣ ал-Моликӣ аз иқдоми вазирони суннимазҳаб истиқбол кардааст. Бештари курсиҳоро дар ҳукумати Ироқ шиамазҳабҳо ишғол мекунанд.

Вазирон аз “Ал-Ироқия” баъди он нишастҳои ҳукуматиро таҳрим карданд, ки ҳукумати Ироқ дастури боздошти муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимӣ ва чанд чанд тан аз ҷонибдорони ӯро содир намуд. Ҳукумат Ҳошимиро дар терроризм айбдор намуд. Аммо ӯ ин иддаоро қатъӣ рад кард ва дар минтақаи Курдистон, воқеъ дар шимоли Ироқ, панаҳ бурд.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Ироқ баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар дар моҳи декабри соли гузашта амиқтар шуд.
XS
SM
MD
LG