Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад ва Сергей Лавров дар Димишқ музокирот карданд


Имрӯз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Димишқ музокирот карданд. Ба иттилои хабаргузории САНА, Лавров изҳор намуд, ки Русия ба зиндагии орому осоиштаи мардуми Сурия манфиатдор аст.

Қарор аст, ки дар ҷараёни ин сафар Сергей Лавров раҳбари Сурияро ба зарурати ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар мӯътақоид созад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, имрӯз бар асари бархӯрдҳо дар шаҳри Ҳумс дасти кам 15 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Аз ин пеш вазорати умури дохилии Сурия изҳор намуд, ки нерӯҳои амниятӣ амалиёт алайҳи "гурӯҳҳои террористи"-ро дар шаҳри Ҳумс ва атрофи он то таъмини тартибот дар ин шаҳр идома медиҳанд.

Рӯзи сешанбе ИМА дар бораи муваққатан баста шудани сафораташ дар Димишқ хабар дод.

Имрӯз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки Анкара тарҳи нави ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар Сурияро таҳия кардааст.

Рӯзи шанбе Русия ва Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки дар он ба истеъфои Башор Асад таъкид шудааст, вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG