Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адлияи ғайрирасмӣ: содда, ройгон ва бо кафолат


Як пажӯҳиш рӯшан кардааст, ки мардуми тоҷик дар қиёс ба додгоҳу мақомот ба пешвоёни ғайрирасмӣ бештар бовар доранд.

Дар як таҳқиқоте талош шудааст, ки институт ё шабакаи пешвоёни зери соя ё ҳамон адлияи ғайрирасмӣ ошкор ва омӯхта шавад.

Масъулини таҳқиқоти мазкур мегӯянд, ин омӯзиш нишон додааст, ки беш аз ҳама қишрҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, маъюбон ва занони деҳот барои ҳалли мушкилоти худ ба пешвоёни ғайрирасмӣ рӯ меоранд, то ба мақомоти расмӣ.

Азимҷон Сайфиддинов, раҳбари барномаи "Баробарӣ дар назди қонун ва дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ" мегӯяд, зимни ин таҳқиқот собит шудааст, ки адлияи ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон ҷой дорад. Ӯ мегӯяд, "барои ҳалли баҳсҳо имрӯз дар ҷомеаи мо на ҳама ба мақомоти давлатӣ ё суд муроҷиат мекунанд. Бисёр ҳолатҳое ҳаст, ки ба пешвоёни ғайрирасмӣ ё пешвоёни дин муроҷиат мекунанд."

Дар пажӯҳиши мазкур тамаркуз бештар рӯи мушкилоти хонаводагӣ, хушунат алайҳи занон ва талоқу ҳуқуқи кӯдак шудааст. Бино ба ин таҳқиқот, муроҷиатҳо умдатан зимни ҳалли масъалаи талоқ, гирифтани мерос ва ё дучори хушунат шудан рӯй медиҳанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим


Масъулини таҳқиқот мегӯянд, занон зимни ҳалли масъалаи талоқ ба ҷойи ниҳодҳои расмӣ ба мулло ё рӯҳонии бонуфуз, зимни гирифтани мерос ба хешу табор ва ё афроди бонуфузи маҳал муроҷиат мекунанд, то ба додгоҳ ва ниҳодҳои давлатӣ.

Ҳамчунин як гурӯҳи дигаре ба майдон омадааст, ки занон ба онҳо ба унвони миёнҷӣ барои ҳалли мушкилашон муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Сайфиддинов, ин бибиотунҳо мебошанд, ки умдатан назари динӣ доранд, аммо ба занон маслиҳати кор гирифтан аз адлияи расмиро ҳам ёд медиҳанд.

Бархе коршиносон иллати вуҷуди ин ҳолатро дар адами эътимоди мардум ба ниҳодҳои расмӣ, ришвахорӣ, камсаводии ҳуқуқӣ ва одилона рафтор накардани мақомот дар ҳалли ин масоил медонанд. Аммо Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдони тоҷик дар мавриди иллати ҷой доштани адлияи
Абдуқаюм Юсуфӣ
Абдуқаюм Юсуфӣ
ғайрирасмӣ дар кишвар мегӯяд, "мардум инро шакли содда, дастрас ва боэътимоди ҳалли масъала медонанд. Аз сӯи дигар, шаҳрвандон ба судҳо муроҷиат менамоянд ва бо гузашти муддатҳо, вақт сарф мекунанд, пул сарф мекунанд, аммо муродашон ҳосил намешавад. Вале адлияи ғайрирасмӣ дастрас ва бемасраф ва инчунин бо эътимод асту шикананда нест."

Аммо баргузоркунандагони таҳқиқоти адлияи ғайрирасмӣ мегӯянд, ба манзури таъмини принсипи баробарӣ дар назди қонун ва дастарсӣ ба адолати додгоҳӣ ҳамкории муштаракро пешбинӣ мекунанд. Зеро дар бархе маврид мудохилаи пешвоёни ғайрирасмӣ агар барои ҳалли қазияҳо мусоидат кунад, дар аксари маврид боиси маҳдуд шудани ҳуқуқи як тарафи қазия мешавад. Барои ин талошҳои адлияи расмӣ ва ғайрирасмӣ барои ҳалли масоил бояд ҳамоҳанг шавад. Зеро адлияи ғайрирасмӣ ба гуфтаи коршиносон оянда ҳам вуҷуд хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG