Пайвандҳои дастрасӣ

Искандаров аз Афғонистон ҷуброн талаб дорад


Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи зиндони Пуличархии Афғонистон

Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи зиндони Пуличархии Афғонистон

Ширинбек Искандаров ба хотири ҳабси ғайриқонуниаш аз ҳукумати Афғонистон ҷуброн тақозо кардааст.

Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи зиндони Пули Чархии Афғонистон мегӯяд, се соли ҳаёти ӯ дар ин кишвар бо ҷурми мақомоташ барабас рафта, хисороти бузурги маънавӣ ба оилааш низ расидааст.

Ӯ гуфт, аз вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мехоҳад, барои барқарор кардани адолат ва шаъну эътибораш аз ҳукумати Афғонистон талаби ҷуброн намояд.

"Талаб кунанд аз ҳукумати Афғонистон, ки ҳамин шаҳрванди моро дар кадом асос зиндонӣ кардед. Он мактубҳое, ки аз пеши худ сохта равон мекунанд, далел ва исбот нест. Ҳукумати Афғонистон бояд ҷарима пардохт кунад",-афзуд Искандаров.

Ширинбек Искандаров ҳамроҳ бо Яков Тсой ва Ҳасанбек Отараев ном шаҳрванди дигари Тоҷикистон 26-уми июли соли 2008 аз сӯи мақомоти амниятии Афғонистон бо иттиҳоми қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх” боздошт шуда, то моҳи июни соли 2011 дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ва зиндони Пули Чархии Афғонистон сипарӣ кардааст.




Аммо Ширинбек Искандаров мегӯяд, ӯ танҳо тарҷумони Ҳасанбек Отараев, сарвари як ширкати сохтмонӣ дар Санкт-Петербург буд, ки мехост дар Афғонистон ҳамкорони худро пайдо кунад. Вай афзуд, бадоҳатан баъд аз ду рӯзи боздошт ӯву шариконашро дар Кумитаи амнияти миллии Афғонистон дар ҳузури низомиёни хориҷиву афғон бо як асбоби махсус ташхис кардаанд.

Ҷаноби Искандаров нақл кард, ки "тамоми бадан, забон, чашмонамро таҳқиқ карданд. Чизеро дар асбобаш диду гуфт, ки "ноу". Ҳамин қадарашро фаҳмидам. Генерали афғон, ки он ҷо буд, ба назди ман омаду гуфт: "Заҳри маводе, ки шуморо ба қочоқи онҳо муттаҳам мекунанд, дар бадани инсон то ҳафт рӯз мемонад. Агар ин асбоб садо мебаровард, Шуморо тайёра дар фурудгоҳи Багром интизор буд ва ҳам рақами утоқҳои шумо дар Гуантанамо маълум шуда буд."

Ин маҳбуси собиқи Пули Чархӣ мегӯяд, дар даври саввуми додгоҳи Афғонистон ҳам вақте додрас аз Кумитаи амният далелҳои шайъиро тақозо кард, он далелҳо пешниҳод нашуданд ва ба ҳамин минвол, дар давоми қариб се сол иттиҳом алайҳи ӯ ва шариконаш собит нашуд.

Давлат Назриев

Давлат Назриев

Давлат Назрӣ, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Афғонистон дар гузашта тариқи аснод иттиҳомот алайҳи шаҳрвандони кишварро ироа дошта буд. Вай афзуд, ҳоло вазорат ба Афғонистон дар ин маврид муроҷиат кардааст, ки амвол ва маблағи ҳангоми боздошт мусодирашудаи Ширинбек Искандаров баргардонида шавад.

Вай афзуд, "дар мавриди ҷуброн вазорат мустақим наметавонад муроҷиат кунад, зеро ин масъала ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад. Искандаров ҳақ дорад вакили дифоъ гирад ва бегуноҳ будани худро собит намояд."

Ширинбек Искандаров 4-уми июни соли 2011 бо дахолати шахсан раисҷумҳури Тоҷикистон аз зиндон озод шудааст. Пас аз чор моҳ Ҳасанбек Отараев дар зиндон ҳалок шуд. Яков Тсой бо кӯшишҳои вазорати хориҷии Тоҷикистон озод шуда, ҳафтаи равон ба Тоҷикистон хоҳад баргашт. Ӯро нафари калидӣ дар ин "сегона" унвон мекунанд, ки коршиноси умури канданиҳои нодир будааст. Ба қавли мақомоти расмӣ, ҷурми ӯ дайн нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG