Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Молдив ба истеъфо рафт


Молдив аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ маҳсуб мешавад

Молдив аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ маҳсуб мешавад

Муҳаммад Ношид, раисиҷумҳури Молдив, кишвари воқеъ дар Осиёи ҷанубӣ, бар асари намоишҳои эътирозӣ аз мақомаш истеъфо дод. Раёсати кишвар бар дӯши муовини раисиҷумҳур Муҳаммад Воҳид Ҳаман вогузошта шуд.

Аз ин пеш дар пойтахти кишвар Мале миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва кормандони полиси пуштибон аз мухолифини Муҳаммад Ношид задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Нерӯҳои ҳукуматӣ аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Нооромиҳо дар Молдив баъди он шурӯъ шуданд, ки моҳи гузашта як додрас барои озод кардани яке аз фаъолони мухолифин боздошт шуд.

Молдив аз беш аз ҳазор ҷазираи хурд дар уқёнуси Ҳинд иборат буда, аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG