Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷиддин Пиров: "Ба муҳоҷирон корти пластикӣ медиҳем"


Тоҷиддин Пиров, раҳбари "Тоҷикисодиротбонк"
Тоҷиддин Пиров, раҳбари "Тоҷикисодиротбонк"

Мусоҳибаи хабарнигори "Озодӣ" бо Тоҷиддин Пиров, раиси Шӯрои нозирони "Тоҷикисодиротбонк".

Радиои Озодӣ: Ҷаноби раис соли сипаригардида барои “Тоҷиксодиротбонк” чӣ гуна сол буд ва онро чӣ тавр ҷамъбаст кардед?

Тоҷиддин Пиров: "Соли 2011 барои “Тоҷиксодиротбонк” аз ҳар ҷиҳат бобарор омад. Дороиҳои бонк дар ин сол дар ҳаҷми 197 фоиз афзуда, ба 1 миллиарду 526 миллион сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба як соли пеш тақрибан як маротиба бештар аст. Ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ ҳам афзуд. Барои мисол, агар дар маҷмӯъ дар низоми бонкии Тоҷикистон амонатҳои аҳолӣ 25 дарсад афзоиш пайдо карда бошанд, дар “Тоҷиксодиротбонк” ин нишондод ба 72 дарсад боло рафтааст. Дар соли 2011 кулли саҳмияҳои Бонки рушди Тоҷикистон (БРТ)-ро харидорӣ карда, дар заминаи он бонки фаръии худро таъсис додем."

Радиои Озодӣ: Бо он ки ин ҳама пешравӣ доред, аз андоз қарздор нестед?

Тоҷиддин Пиров: "Бояд бигӯям, ки дар соли 2010 мо ба давлат 16 миллион сомонӣ андоз пардохт карда будем, вале соли 2011 ин рақам 25,3 миллион сомониро ташкил дод. Яъне нисбат ба соли 2010 беш аз 50 дарсад афзоиш пайдо кард. Дар баробари ин, соли 2011 бонк ба маблағи 352 ҳазор сомонӣ ба ниёзмандон кӯмак намуд."

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Тоҷиддин Пиров
Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Тоҷиддин Пиров
Радиои Озодӣ: Гуфтед, яке аз тағйирот дар кори Шумо харидории саҳмияҳои Бонки Рушди Тоҷикистон аст. Аммо пешниҳоди ин муомила, яъне харид ва фурӯши БРТ аз ҷониби кадом тараф сурат гирифт?

Тоҷиддин Пиров: "Ин тавр масъалагузорӣ кардан, ки пешниҳоди харидуфурӯш аз тарафи ман ва ё баръакс, аз БРТ сурат гирифт, нодуруст аст. Чунки ин бозор аст. Яке мефурӯшад, дигаре мехарад. Вале ин масъала ҳарфи якрӯзу дурӯз набуд. Мо сари ин масъала моҳҳо гуфтушунид доштем. Охири соли гузашта ба хулоса омадем, ки ин бонкро бихарем. Чунки ҳар кас ҳисоби фоидаи худро худ медонад."

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки соҳиби БРТ кӣ буд?

Тоҷиддин Пиров: "Соҳиби бонк чанд ширкат ва чанд нафар шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон буданд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:31 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, ҳоло аз интиқоли пули муҳоҷирон бонкҳои Тоҷикистон кадом суде ба даст намеоваранд, балки он зараровар шудааст. То куҷо дуруст аст?

Тоҷиддин Пиров: "Дар ҳақиқат, ҳоло интиқоли пули муҳоҷирон барои бонкҳои тиҷоратии кишвар зараровар аст. Бо дастури ман барои қатъи ҳамкорӣ ба чанде аз системаҳои интиқоли пул, ки бар зарари мо кор мекунанд, нома фиристода шуд. Сабаб ин аст, ки бонкҳо дар Русия барои ин навъи хидматрасонӣ фоизи зиёд мегиранд. Аз якуним то се фоизи интиқоли пулро онҳо мегиранд, вале барои бонкҳои Тоҷикистон ҳиссаи ночиз медиҳанд. Мо ҳоло дар фикри ҷорӣ кардани системаи нав ҳастем. Нақша дорем, ки ба муҳоҷирон корти пластикӣ диҳем, то ин ки онҳо пули ба даст овардаашонро дар ҳисоби он бигузоранд ва дар инҷо ҳамсар, хоҳар ва модараш битавонанд бемалол бигиранд. Мо чандест, ки барои сафари муҳоҷирон қарз медиҳем, яъне барои харидории билет ва барои чанд рӯзи аввали дар маҳалли кор истодан ва корҳое, ки то чанд муддат онҷо анҷом медиҳад. Қарзи бегарав ва бо фоизи муқаррарӣ. Бисёр муҳоҷирон аз он баҳра бурданд. Баъди 5-6 моҳ онҳо қарзи гирифтаашонро бармегардонанд. Акнун мо барои онҳо кортҳои пластикӣ доданием ва маблағи қарзи мегирифтаашро дар корти пластикиаш мегузаронем. Яъне бо ин роҳ мо ҳам мушкилии мардумро аз ҷиҳати интиқол тавассути бонкҳо ҳал мекунем ва ҳам барои пайвандони муҳоҷирон дастрасии онро содда ва осон мекунем."

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки Тоҷидин Пиров панҷ вақт намозашро тарк намекунад ва рӯза медорад, амалеро, ки на ба ҳама роҳбарон хос аст?

Тоҷиддин Пиров
Тоҷиддин Пиров
Тоҷиддин Пиров: "Фикр мекунам, ин амал ба бештари роҳбарони мо хос аст. Вале на ҳар кас мехоҳад дар ин бора бигӯяд. Чӣ хеле ман иттилоъ дорам, аксари роҳбарҳо намоз мехонанд. Мо ҳам дар қатори онҳоем. 99 дарсади мардум мусулмон аст. Хуб, мусалмон бошӣ, дигар намоз мехонӣ. Ду сол пеш ба зиёрати Хонаи Каъба рафтам. Як маротиба Ҳаҷҷи Умра ҳам кардам. Намоз фарзест, ки ҳар мусалмон адо мекунад ва ҳеҷ қобили тавсифу таъриф нест. Ман бисёр роҳбарҳоро медонам, ки намоз мехонанд."

Радиои Озодӣ: Барои фаъолияти боз ҳам беҳтари бонк чӣ нақшаҳо доред?

Тоҷиддин Пиров: "Албатта, нақшаву нияти мо зиёд аст. Дар ҳайати коллективи бонк мутахассисони варзида ва донишманд фаъолият мекунанд, ки онҳо ҳам барои равнақи кори бонк саъю талош меварзанд. Ҳар яке аз онҳо ҳиссаи худро барои фаъолияти муфид ва самарабахши он мегузоранд ва мутмаинам, ки дар оянда ҳам чунин хоҳанд кард. Имсол, 15-уми март аз таъсисёбии “Тоҷиксодиротбонк” 20 сол сипарӣ мешавад. Мо як нишасти бошукӯҳеро бо ширкати беш аз 150 меҳмони хориҷӣ ва дохилӣ баргузор мекунем. Бовар дорам, ки омадани ин меҳмонон боис ба ҷалби сармоя ва равона намудани онҳо ба иқтисодиёти миллӣ хоҳад шуд. Онҳо, ки ин ҷо омаданд ва бо маданияту фарҳанги мо, фарҳанги бонкдории мо ошноӣ пайдо карданд, ҳатман дар фикри ҳамкорӣ хоҳанд шуд. Мо нақша дорем, ки сармоя, дороӣ ва филиалҳои бонкро боз ҳам зиёд намоем. Шояд то соли оянда шумораи филиалҳои мо аз 64 ба 84 бирасад ва шумораи муштариҳо аз 135 ба 200-250 ҳазор афзоиш пайдо кунад. Ин ҳама нақшаву амалҳои мо танҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ватанамон аст. Ояндаро имрӯз бояд сохт, - ин аст шиори “Тоҷиксодиротбонк”.
XS
SM
MD
LG