Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, Асад ба гуфтушунид омодааст


Вазири умури хориҷии Русия гуфт, раҳбари Сурия итминон дод, ки ба хушунатҳо дар кишвараш хотима мегузорад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии
Русия ба Асад гуфтааст, ки «зиндагӣ дар сулҳу назм» ба манфиати кишварҳои арабист ва ҳар раҳбар бояд дар ин робита «эҳсоси масъулият» кунад. Интизор мерафт, ки намояндаи Маскав Башор Асадро ба оғози ислоҳоти сиёсӣ ба хотири хатми хушунатҳо дар кишвараш низ даъват кунад.

Дар тӯли роҳи ҳайати Русия аз фурудгоҳ то Димишқ, ҳазорон тарафдори режими Асад парчамҳои Русияву Чин ва Сурияро баланд карда, ба Маскаву Пекин барои ветои ба қатъномаи Шӯрои Амният гузоштаашон сипос мегуфтанд. Дар ҳафтаи гузашта Русияву Чин аз ҳаққи худ ҳамчун узви доимии Шӯрои Амният ба қатъномаи Сурия вето гузоштанд. Тарҳи аз сӯи Лигаи Араб пешниҳодшуда ба хатми хушунатҳо дар Сурия ва ба истеъфои Башор Асад даъват мекард.

Ғарб ба шиддат аз чунин мавзеъгирии Маскаву Пекин интиқод кард ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳатто ин веторо «мазҳака» ва «пуштибонии Чину Русия аз режими ваҳшиёнаи Асад» хонд. Аммо Лавров қабл аз сафари Димишқ интиқодҳои Ғарбро «наздик ба васваса» унвон карда, ба ҳимоят аз ветои Маскав гуфт, тарҳи Шӯрои Амният амалан ба маънои тарафгирӣ аз як ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия буд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мухолифин, танҳо рӯзи душанбе ва танҳо дар шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс бар асари ҳамлаҳои нирӯҳои давлатӣ 100 нафари дигар кушта шуданд. Вазорати умури дохилаи Сурия гуфт, дар амалиёти Ҳумс 6 тан аз нирӯҳои амниятӣ низ кушта ва 11 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, ҷамъи қурбониёни саркӯбии эътирозҳои Сурия дар 11 моҳ аз марзи 6000 нафар гузаштааст.



Ветои Русияву Чин талошҳои ҷомиаи байналмилалӣ барои хатми хушунатҳо дар Сурияро дучори бунбаст кард. Бо ин ҳол, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба дунболи ин «нокомӣ» аз як ибтикори нави Анқара дар мавзӯи Сурия дарак дод. Эрдуғон дар нишасти ҳизби ҳокими адолат ва тавсиа гуфт, ин ибтикори чандҷониба аз ҷониби «кишварҳоест, ки дар канори мардуми худ қарор доранд, на давлати Сурия.»

Бо ин ҳол, дар пайи Амрикову Бритониё, Итолиё низ сафирашро аз Димишқ фаро хондааст.

Аммо сафари Лаврову Фрадков ба Сурия чӣ натиҷае дода метавонад? Ва оё ҷомиаи ҷаҳонӣ чӣ роҳкори дигаре барои ҳалли буҳрони Сурия дар ихтиёр дорад? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон Меҳрдоди Хонсорӣ дар миён гузоштам.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG