Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ идомаи амалиёт алайҳи ошӯбгаронро тасдиқ кард


Нерӯҳои амниятии Сурия амалиёти низомӣ алайҳи "гурӯҳҳои террористи"-ро дар шаҳри Ҳумс ва атрофи он то таъмини тартибот дар ин шаҳр идома медиҳанд. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Сурия хабар дод.

Бар пояи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, рӯзи душанбе бар асари даргириҳо дасти кам 79 сокини осоишта кушта шуданд. Димишқ хабари ҳалокати шаш низомияш дар ин даргириҳояро тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол имрӯз ИМА дар бораи муваққатан баста шудани сафораташ дар Димишқ хабар дод. Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, аз ин баъд аз манфиатҳои ИМА дар Сурия ҳампаймонаш Лаҳистон намояндагӣ мекунад.

Имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раиси Хадамоти кашфи берунаи кишвар Михаил Фрадков вориди Сурия шуданд. Қарор аст онҳо бо раисиҷумҳур Башор Асад, ки истеъфояшро Ғарб ва Лигаи кишварҳои араб талаб доранд, дар робита ба дурнамои ислоҳоти сиёсӣ дар Сурия гуфтугӯ кунанд.

Телевизиони давлатии Сурия сабтҳоеро нишон дод, ки ҳазорон ҷонибдорони Башор Асад ба хиёбонҳо рехта, аз пуштибонии Русия аз Димишқ истиқбол мекунанд.

Чанд рӯз пеш Русия ва Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки дар он ба истеъфои Асад таъкид шудааст, вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG