Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кохи Ҷомӣ" ва "Почтаи марказӣ" тахриб мешавад


Бинои "Кохи Ҷомӣ" дар маркази шаҳри Душанбе
Бинои "Кохи Ҷомӣ" дар маркази шаҳри Душанбе

Дар ҷойи бинои "Почтаи марказӣ", "Кохи Ҷомӣ" ва телевизиони "Сафина" биноҳои нав қомат хоҳанд афрохт.

Барои дар ҷойи биноҳои "Почтаи марказӣ", “Кохи Ҷомӣ”, бинои телевизиони “Сафина” ва бинои вазорати кишоварзӣ бунёд кардани биноҳои нав озмун эълон шудааст.

Оҷонсии сохтмону меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ин тарҳ дар чаҳорчӯби барномаи ободонии шаҳри Душанбе сурат мегирад ва қарор аст, натиҷаҳои он пеш аз ҷашни Наврӯз эълон шавад.

Як манбаъ дар ин Оҷонсӣ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, қарор аст, дар ҷойи "Почтаи марказӣ" бинои нави Хадамоти алоқа, дар ҷойи бинои "Кохи Ҷомӣ" сохтмони вазорати фарҳанг, дар ҷойи бинои телевизиони “Сафина” иморати нави Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бунёд гардад.

Ҳамчунин, дар ҷойи феълии вазорати кишоварзӣ бинои наву бошукӯҳи ҳамин вазорат қомат рост хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG