Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои Почтаи марказии Душанбе тахриб мешавад


Бинои Почтамт дар маркази Душанбе аз қадимтарин биноҳои пойтахт аст
Бинои Почтамт дар маркази Душанбе аз қадимтарин биноҳои пойтахт аст
Оҷонси сохтмону меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ободонии шаҳри Душанбе барои дар ҷойи биноҳои Почтаи марказӣ, толори синамои “Кохи Ҷомӣ”, бинои шабакаи телевизионии “Сафина” ва бинои вазорати кишоварзӣ бунёд кардани биноҳои нав озмун эълон кардааст, ки қарор аст натоиҷи он қабл аз ҷашни Наврӯз эълон шавад.

Як манбаъ дар ин Оҷонс ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки қарор аст дар ҷойи Почтаи Маркзӣ бинои нави Хадамоти алоқа, дар ҷойи Кохи Ҷомӣ бинои вазорати фарҳанг, дар ҷойи бинои телевизиони “Сафина” иморати нави Кумитаи телевизион ва радио бунёд шавад. Ҳамчунин дар ҷойи феълии вазорати кишоварзӣ бинои наву бошукӯҳи ҳамин вазорат қомат рост хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG