Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоди Обама маблағи хайрияро бармегардонад


Барак Обама

Барак Обама

Ситоди пешазинтихоботии Барак Обама, ки бори дуввум барои курсии президенти ИМА мубориза мебарад, дар бораи баргардонидани 200 ҳазор доллари хайрияи пайвандони як мексикоии маъруф дар олами қимор тасмим гирифт.

Хуан Хосе Рохас Кардона соли 1994 дар Амрико дар қаллобӣ ва қочоқи маводи мухадир айбдор шуд ва аммо баъд аз пардохти гаравпулӣ маҳбасро тарк ва ба Мексика фирор кард. Мақомоти Мексика бошанд Кардонаро дар фасод ва дигар ҷиноёт айбдор мекунанд.

Дар бораи интиқоли маблағи бузург барои маъракаи интихоботиии Обама аз сӯи пайвандони Кардона рӯзномаи “Ню-Йорк таймс” хабар дод.

Намояндаи ситоди Барак Обама изҳор намуд, ки ҳама маблағи аз сӯи бародарони Кардона ва дигар афроди наздик ба онҳо барои маъракаи интихоботии раисиҷумҳур интиқолёфта баргардонида мешавад.
XS
SM
MD
LG