Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо дар Ҳумс ва Забадонии Сурия


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамла ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар шаҳри Ҳумс ва минтақаи Забадонии канори шаҳри Димишқро идома медиҳанд.

Бар пояи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, рӯзи душанбе бар асари даргириҳо дасти кам 79 сокини осоишта кушта шуданд. Хабарнигорони хориҷӣ иттилоъ дар бораи ҳадафи тирборон қарор гирифтани маҳаллаҳои шаҳрро тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз ИМА дар бораи муваққатан баста шудани сафораташ дар Димишқ хабар дод. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, "мо ба хулосае расидем, ки бояд фаъолияти сафоратамонро дар Димишқ мутаваққиф кунем, зеро нигарониҳо аз таҳдид ба амнияти кормандонаш мавҷуд аст. Мо ба ҳампаймонҳои лаҳистониямон муроҷиат кардем ва Лаҳистон розӣ шуд, ки аз манфиатҳои мо дар Димишқ намояндагӣ кунад".

Имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раиси Хадамоти кашфи берунаи ин кишвар Михаил Фрадков вориди Сурия мешаванд ва бо раисиҷумҳур Башор Асад, ки истеъфояшро Ғарб ва Лигаи кишварҳои араб талаб доранд, музокирот мекунанд. Ба гуфтаи Лавров, дар ин гуфтушунид онҳо рӯи дурнамои ислоҳоти сиёсӣ дар Сурия тамаркуз хоҳанд кард.

Чанд рӯз пеш Русия ва Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки дар он ба истеъфои Асад таъкид шудааст, вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG