Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон баъд аз мулоқот ҳарду тарафи баҳси "Тоҷик Эйр"-ро ҳақ шумурдааст.

Фирӯз Эшонқулов, сардори раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, "муовини вазири нақлиёт оид ба ҳавонавардӣ бо раиси "Тоҷик Эйр" ва кормандонаш масъалаи норозигии халабонҳоро баррасӣ намуд." Вай афзуд, "ҳар ду тараф, халабонон аз як сӯ ва аз тарафи дигар мудири ширкат, ба андешаи худ ҳақ ҳастанд. Мудири ширкат талош дорад, дар вазъи феълии бозори озод сарфаҷӯӣ кунад. Халабонҳо низ дар навбати худ ҳақ ҳастанд, ки бояд меъёрҳои парвоз риоя шавад."

Ин гуфтугӯ баъд аз ҷаласаи 51 корманд ва халабони ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба вуқӯъ пайваст, ки дар он якдилона ба раҳбари ин ширкат Музаффар Исҳоқов изҳори нобоварӣ шуд. Ширкаткунандагони ҷаласа гуфтаанд, талошҳояшон ба мулоқот бо ҷаноби Исҳоқов бенатиҷа поён ёфта, қарор кардаанд, ҷаласаро бе ширкати ӯ баргузор кунанд.

Бино бар пайнавишт ё протоколи ин ҷаласа, мудири кулли "Тоҷик Эйр" ба хотири фоидаи барзиёд аз ҳавопаймоҳои фарсуда истифода карда, ба фиреби мусофирон ва кори "миёншикан"-и халабонҳо роҳ медиҳад ва барои парвозҳои мустақим истгоҳҳои миёнаӣ муқаррар кардааст. Акнун ин парвозҳо бо таваққуф дар фурудгоҳҳои Туркмaнобод, Тароз, Шимкент, Бишкек ва Ашқобод сурат мегиранд ва дар натиҷа мусофирон ба фурудгоҳҳои баъдии худ дар вақти таъйиншуда намерасанд.


Музаффар Исҳоқов, мудири кулли ширкати "Тоҷик Эйр"

Музаффар Исҳоқов, мудири кулли ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкаткунандагони ҷаласа навиштаанд, "дар бораи сӯхтгирӣ дар фурудгоҳҳои миёнароҳӣ бошад, мусофирон танҳо ҳангоми ворид гардидан ба ҳавопаймоҳо огоҳ карда мешаванд." Ба ақидаи кормандони “Тоҷик Эйр”, чунин амал сабаби дермонии мусофирон ва "вазъи ногувори онҳо дар фурудгоҳҳои бегона" мешавад.

Аммо ин танҳо масъалаи маводи сӯхт нест, ки кормандони норозии ширкати "Тоҷик Эйр" дар миён гузоштаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, раҳбарият халабонҳоро маҷбур мекунад, то ҳавопаймоҳои фарсударо бо бори аз меъёр зиёд идора кунанд, ки барои ҳамаи сарнишинон хатар эҷод мекунад. Дар ғайри сурат, мудир чораҳои мухталиф меандешидааст, аз ҷумла ихроҷ аз кор ва ҳамзамон таҳдид кардааст, ки барои харҷи аз меъёр зиёди маводи сӯхт халабонҳоро ҳадафи "ҷазои молӣ" қарор хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки маъмурияти ширкати "Тоҷик-Эйр" дар посух ба дархости хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "протокол ба таври расмӣ ба қайд гирифта нашудааст ва дар бораи мавҷудияти он иттилое дастрас нест."

Барои аввалин бор нест, ки кормандони "Тоҷик Эйр" бо мудири кулли ин ширкат Музаффар Исҳоқов вориди баҳс мешаванд. Дар оғози ба ин мақом таъйин шудани Исқоҳов, чанде аз кормандони ширкат аз кор ихроҷ шуда буданд, ки танҳо бо қарори додгоҳ дубора дар вазифаҳои худ барқарор шуданд.

Музаффар Исҳоқов моҳи январи соли гузашта мудири кулли ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" таъйин шуд. Ӯ пеш аз ин, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон буд ва як муддат раёсати ширкати хусусии "Сомон Эйр"-ро низ бар ӯҳда дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG