Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо назардошти масъалаҳои амниятӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамаи дипломатҳои худро аз Сурия фаро хонд.

Дар ҳоле ки Бритониё сафири худро аз Димишқ, пойтахти Сурия, ба Лондон даъват кардааст, то дар бораи роҳҳои қатъи нооромӣ дар он кишвар машварат кунад.

Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Роберт Форд -- сафири Амрико дар Димишқ ва дипломатҳои дигар рӯзи душанбе Сурияро тарк карданд. Дар ин рӯз дар ҳамлаҳои нави нерӯҳои ҳукумати Башор Асад 50 нафари дигар кушта шуданд.

Хонум Нуланд ин гуна изҳори ақида кард: “Мо ба хулосае расидем, ки бино бар нигарониҳои амниятӣ дар мавриди кормандони худ фаъолияти сафоратхонаи худро дар Димишқ боздорем.”

Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Баъд аз баста шудани сафорати Амрико дар Димишқ Рӯъё Шурбоҷӣ, фиристодаи фарҳангии Сурия дар Вашингтон ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ҳукумати кишвараш барои таъмини амнияти дипломатҳо ва бинои сафоратҳо дар Димишқ коре накардааст.

Ӯ дар идомаи суханонаш гуфт: “Сурия кишвари мустақилу мухтор аст ва дар бораи қонунӣ будани раисиҷумҳур мардум тасмим мегиранд. Салоҳиятҳое, ки ҳоло раисиҷумҳур дорад, мардуми Сурия ба вай додаанд ва танҳо мардуми Сурия бояд тасмим бигиранд, ки чӣ тарз, кай ва дар чӣ ҳолат бояд вазъ тағйир кунад.”

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо телевизиони Иёлоти Муттаҳида гуфт, муҳим аст, агар муноқишаҳои Сурия бидуни мудохилаи низомӣ аз хориҷ ҳал шавад.

Вилям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Бритониё, ба намояндагони порлумони кишвараш гуфт, Бритониё барои қатъи саркӯби эътирозгарон аз сӯи режими Башор Асад роҳҳои гуногунро истифода мекунад.

Николя Саркозӣ (аз тарафи чап) бо Ангела Меркел

Николя Саркозӣ (аз тарафи чап) бо Ангела Меркел

Бритониё ва Амрико барои он даст ба ин кор заданд, ки рӯзи 4 феврал Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал роҷеъ ба Сурияро раъйи зид доданд. Дар ин қатънома аз Башор Асад тақозо мешуд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад, то дар Сурия ба хушунатҳо хотима дода шавад.

Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса баъд аз мулоқоташ бо Ангела Меркел, нахуствазири Олмон дар Порис гуфт, ин ду кишвар Сурияро тарк нахоҳанд кард. Робитаҳои дипломатии Димишқ ва Вашингтон дар ҳоле ба ҳам хӯрдааст, ки режими Сурия ҳамчунон хостҳои кишварҳои ғарбӣ ва Лигаи Арабро барои қатъи саркӯбиҳо нодида мегирад.

СММ мегӯяд, дар ин саркӯбиҳо аз моҳи март то ҳол тақрибан 6 000 нафар кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG