Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мун мехоҳад Фаластин музокира бо Исроилро тарк накунад


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ аз Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин хост, ки музокироти сулҳ бо Исроилро тарк накунад. Дархости Бан Ки Мун дар ҳоле садо медиҳад, ки Маҳмуд Аббос ва ҷунбиши зери раҳбарии вай “Фатаҳ” бо рақибони худ, яъне Ҳамос дар бораи тақсими ҳукумат созишнома имзо карданд. Ин созишнома дар Доҳа ба имзо расид ва тибқи он ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки дар марҳалаи омодагӣ ба интихоботи моҳи май ҳукумати давраи гузор ташкил хоҳанд кард. Баъд аз имзои ин созишнома Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ба Маҳмуд Аббос ҳушдор дод, ки ё сулҳ бо Исроилро интихоб кунад ё сулҳ бо Ҳамосро. Ҳамос музокироти сулҳомез бо давлати яҳудиҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG