Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Маскав ҷони як нафарро рабуд


Шоми рӯзи душанбе дар яке аз биноҳои иқоматӣ дар кӯчаи Зоргеи Маскав сӯхтор сар зад. Дар сӯхтор як нафар ба ҳалокат расид. 15 нафари дигарро наҷот додаанд. Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз вазорати ҳолатҳои фавқулодда гуфтааст, ки сӯхтор дар яке аз хонаҳои табақаи ахири бинои шашошёна рух додааст. Сокинони хонаҳои ҳамсояро ба зуддӣ хориҷ кардаанд. Сабабҳои сӯхтор маълум нест.
XS
SM
MD
LG