Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Юнон бо ҳадафи гирифтани пеши роҳи сели муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва паноҳҷӯёни роҳии ИА ба бунёди девор дар марз бо Туркия шурӯъ кард. Ин садди 12-километрӣ 2,5 метр баланду симхорпеч буда, дар тӯлаш 25 камера ҳам хоҳанд гузошт. Интизор меравад, барои сохтани ин девор 5 моҳ ва дастикам 3 миллион евро масраф шавад. Марзи Юнону Туркия 150 километр аст, ки бахши аъзамаш аз рӯди Эврос мегузарад. Девори ҷадид дар як қитъаи хурди марз аст, ки аз хушкӣ мегузарад ва як масири умдаи интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Иттиҳодияи Аврупост. Аммо ин созмон Юнонро ҳушдор додааст, ки деворсозӣ роҳи ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ нест.
XS
SM
MD
LG