Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дипломатҳояшро аз Сурия берун кашид


Як духтари наврас, ки дар канораҳои Ҳумс ҷароҳат бардоштааст.

Як духтари наврас, ки дар канораҳои Ҳумс ҷароҳат бардоштааст.

Амрико гуфт, ки тамоми дипломатҳояшро аз Сурияро берун кашидааст. Сафир Роберт Форд ва дипломатҳои дигар имрӯз тарки Сурия кардаанд. Вазорати хориҷаи Амрико ҳушдор додааст, ки дар ғайри сурати таъмини хубтари ҳимоят аз сӯи давлати Башор Асад сафораташро дар Димишқ хоҳад баст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мухолифин, имрӯз бар асари ҳамлаҳои нирӯҳои давлатии Сурия дар шаҳри Ҳумс дастикам 17 кас кушта шуда, афроди мулкӣ имрӯз дар Ҳалабу Забадонӣ ва дар пойтахт –Димишқ низ ҷон бохтаанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз ҳалли низоъи Сурия бидуни дахолати низомӣ аз хориҷро муҳим хонд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо ҳимоят аз ветои Маскаву Пекин ба қатъномаи Сурия дар Шӯрои Амният гуфт, ин қатънома тарафгирӣ аз як ҷониби ҷанг буд. Ба тарҳи аз сӯи Лигаи Араб пешниҳодшудаи қатънома, ки ба хатми хушунатҳо ва истеъфои Асад даъват мекард, Русияву Чин вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG