Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳиб Усаров чемпиони олимпии Кубаро шикаст дод


Соҳиб Усаров (аз чап) ҳангоми ҳамла.

Соҳиб Усаров (аз чап) ҳангоми ҳамла.

Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров қаҳрамони олимпии Куба Ян Барталемиро мағлуб кард.

Дастпарвари бокси тоҷик Соҳиб Усаров дар сабқати байнулмилалии муштзанҳо дар Олбании Ню Йорк бар қафрамони олимпӣ, варзишгари машҳури кубагӣ Ян Барталемӣ пирӯз гардид. Дар сабқате, ки 10 давр идома кард, Усаров аз рақиби худ бо тафовути андак пеш гузашт ва бо доварон бо ҳамовозии том ӯро ғолиб шумруданд.

Ба сурати умум дар мусобиқаи ‘KO at the TU’ дар Ню Йорк зиёда аз 80 муштзан ширкат карданд. Соҳиб Усарови 28-сола, ки аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Бокс (WBO) дар гурӯҳи вазни сабуктарин дар ҷаҳон ҷои 10-уми ишғол мекунад, дар ин сабқат аз тарафи Русия ширкат кардааст. Вай дар гузашта дар 18 мусобиқаи байнулмилалӣ пирӯз гашта, ҳанӯз сабқатеро набохтааст. Ба Ню Йорк вай аз Киев, ки дар он ҷо ба собиқадори бокси Украина Юрий Воронинро ғолиб омад, парвоз кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG