Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду мақоми баландпоя дар Қазоқистон


Серик Боймаганбетов

Серик Боймаганбетов

Раҳбари собиқи гумруки Қазоқистон бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ва ришвахорӣ боздошт шуд. Серик Боймаганбетов аз моҳи майи соли 2011 то барканориаш дар таърихи 2 феврал раҳбари кумитаи гумрук буда, қаблан вазири хориҷа ва раҳбари бахши ҳуқуқ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қазоқистон буд. Бино ба хабари дигар, шаҳрдори Жанаозен Орак Сарбопеев низ бо иттиҳоми сирқати маболиғи давлатӣ дастгир шудааст. Шаҳрдори собиқи Жанаозен Жалгас Бобохонов низ бо айни иттиҳом дастгир шуда буд. Дар моҳи декабр дар даргирии эътирозгарон бо нирӯҳои пулис дар Жанаозен дастикам 16 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG