Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо идомаи фишор ба Юнони буҳронзада аз Афина даъват карданд, то ба ваъдааш ҷиҳати тасвиби зуди бастаи тадобири шадид ба хотири коҳиши касри будҷа амал кунад. Раҳбарони Фаронсаву Олмон имрӯз дар Порис аз пешниҳоди таъсиси як ҳисоби алоҳида барои қарзҳои Юнон низ пуштибонӣ карданд. Дар баёнияи ду кишвар омадааст, ки Юнон алакай замони ниҳоӣ барои иҷрои талаботи Иттиҳодияи Аврупо барои дарёфти бастаи нави ёриҳои молӣ ба хотири раҳоияш аз варшикастагиро убур кардааст.
XS
SM
MD
LG