Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии шаҳрванди тоҷик аз зиндони Пуличархӣ


Шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой имрӯз аз маҳбаси Пуличархӣ раҳо ёфтааст. Ӯ феълан дар бинои сафорати Душанбе дар Кобул қарор дошта, бино ба маълумоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар зудтарин парвози ҳавопаймо ба Душанбе бар хоҳад гашт. Тсой аз соли 2008 бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи «симоби сурх» дар Афғонистон дар боздошт қарор дошт. Ҳамроҳи ӯ Ҳасан Отараев дар зиндони Афғонистон даргузашт. Нафари севум дар ин парванда Ширинбек Искандаров соли гузашта раҳо ёфта, ба Душанбе баргашт.
XS
SM
MD
LG