Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуфризо Гелонӣ ба Қатар расид


Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ имрӯз ба хотири баҳси роҳкори сулҳе, ки бояд ба 10 соли ҷанг дар Афғонистон хотима диҳад, бо як сафари серӯза вориди Қатар шуд. Чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар баъди бозгашт аз Кобул гуфта буд, ки Исломобод ба Толибон ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ барои роҳандозии музокироти сулҳ кумак хоҳад кард. Покистон ба мамониат ба талошҳои сулҳ дар Афғонистон ва кумак ба ҷангиёни Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ айбдор мешавад. Ҷунбиши Толибон моҳе пеш эълон кард, ки дар Қатар дафтари сиёсӣ боз мекунад.
XS
SM
MD
LG