Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Руминия Эмил Бок имрӯз истеъфо дод. Ин иқдом дар пайи силсилаи эътирозҳо алайҳи тадбирҳои шадиди коҳиши масрафот аст, ки давлати Бок рӯи даст гирифт. Эмил Бок зимни эълони истеъфояш тавассути телевизион гуфт, кобинаи вай ба хотири наҷот додани иқтисоди Руминия аз буҳрони молие, ки Иттиҳодияи Аврупоро фаро гирифтааст, даст ба иқдомоте зад, ки номаҳбуб, вале лозим буд. Ӯ афзуд, ҳамин тадобир имкон дод, ки Руминия соли гузашта ба мизони баландтарини рушди иқтисод дар ИА ноил шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки кобинаи нави вазирони Руминияро кӣ ташкил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG