Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳамлаҳои нирӯҳои давлатии Сурия ба Ҳумс


Ба гуфтаи фаъолону сокинон, имрӯз бар асари бомббори дигарбораи нирӯҳои Сурия дар шаҳри Ҳумс дастикам 17 кас кушта шудаанд. Фаъолон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ аз чархболҳои ҷангӣ ва мушакандозҳо кор бурдаанд. Рӯзи ҷумъа дар ин шаҳри ошӯбзада беш аз 200 нафар ҷон бохта буд. Бо ин ҳол, Русияву Чин аз ветояшон ба тарҳи қатъномаи ША ҳимоят карданд. Ин тарҳ саркӯбии эътирозҳои Сурияро маҳкум ва ба истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад даъват мекард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров вокуниши Ғарб ба ветои Маскаву Пекинро “наздик ба васваса” хонд ва гуфт: “Ин қатънома чунин маъно дошт, ки Шӯрои Амният аз як ҷониби ҷанги шаҳрвандии Сурия пуштибонӣ мекунад.”
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лю Веймин ҳам гуфт, давлати Чин хостори адолат аст, на пуштибони режими Сурия. Аз тарҳи Лигаи Араб, ба истиснои Чину Русия, 13 узви дигари Шӯрои Амният ҳимоят карданд ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ветои Чину Русияро «музҳик» номида, гуфт, Маскаву Пекин аз «режими ваҳшиёнаи Димишқ» пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG