Пайвандҳои дастрасӣ

Аббос раҳбари ҳукумати муваққат хоҳад шуд


Маҳмуд Аббос ва Холид Машъал дар Қоҳира (Акс аз моҳи майи соли 2011)

Маҳмуд Аббос ва Холид Машъал дар Қоҳира (Акс аз моҳи майи соли 2011)

Бино ба хабарҳо, гурӯҳҳои рақиби фаластинӣ ҷиҳати пешбарии раҳбари ташкилоти худгардон Маҳмуд Аббос ба симати раҳбари ҳукумати муваққат тавофуқ кардаанд. Ин ҳукумат сарзаминҳои фаластиниро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ омода хоҳад кард. Тавофуқи ахир рӯзи якшанбе дар Қатар байни раҳбари гурӯҳи дунявигарои Фатҳ Маҳмуд Аббос ва Холид Машъал, раҳбари гурӯҳи исломии Ҳамос, ки назорати навори Ғазаро дар даст дорад, ҳосил шуд. Қарордоди оштӣ байни ин ду гурӯҳ ҳанӯз моҳи апрел ба даст омада, тибқи тавофуқ, ҳарду интихобот дар сарзаминҳои фаластинӣ бояд дар моҳи май доир шаванд.
XS
SM
MD
LG