Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нави нирӯҳои Сурия ба шаҳри Ҳумс


Асароти ҳамлаи имрӯза ба Ҳумс

Асароти ҳамлаи имрӯза ба Ҳумс

Ба гуфтаи фаъолону сокинон, бар асари бомббори дигарбораи нирӯҳои Сурия дар шаҳри Ҳумс дастикам 15 кас кушта ва 150 тани дигар захмӣ шудаанд. Фаъолон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ аз чархболҳои ҷангӣ ва мушакандозҳо кор бурдаанд. Ҳамлаи рӯзи душанбе ба Ҳумс дар пайи ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа бо тонку тӯпхонаҳост, ки дар ин шаҳри ошӯбзада беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи фаъолон, Забадонӣ, шаҳре дар наздикии марз бо Лубнон, низ имрӯз ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон мегӯяд, чирикиҳо ба як посгоҳи низомӣ дар вилояти бо Туркия ҳаммарзи Идлиб ҳамла бурда, 3 афсарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG