Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози даври нави музокироти марзӣ бо Қирғизистон


Яке аз заминҳои баҳсӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Яке аз заминҳои баҳсӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Дар Душанбе нишасти куммиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Ҳайъати Бишкек то 11 феврал дар Душанбе ба сар хоҳад бурд. То имрӯз ҳудуди 50 дарсади марзи ин ду ҳамсоякишвар таъйин шуда, қатъи назар аз вуҷуди ҷазирақаламравҳои тоҷикнишину қирғизнишин дар дохили хоки ин ду кишвар музокироти марзӣ байни Душанбеву Бишкек ба сурати умум, бомуваффақият идома дорад. Тоҷикистон бо Қирғизистон тақрибан 1000 километр марзи муштарак дорад, ки чаҳоряки 4 000 километр марзи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG