Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таътили иҷборӣ дар мактабҳои Тоҷикистон


Дар макотиби Тоҷикистон ба иллати сармо то 10 феврал таътил эълон шудааст. Сухангӯи вазорати маориф Сиддиқ Муборак гуфтааст, дарсҳо аз 10 феврал аз сар гирифта хоҳанд шуд. Дар ивази рӯзҳои таътили иҷборӣ 4 шанбеи оянда дар мактабҳо дарсҳои иловагӣ баргузор хоҳанд кард. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳавои Тоҷикистон дастикам то 8 феврал ҳамчунон сард боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG