Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, фикр намекунад, ки Исроил дар бораи ҳамла ба Эрон тасмим гирифта бошад.

Барак Обама зимни суханони худ аз телевизиони NBC-и Амрико изҳор дошт, ки кишвараш бо муттаҳиди худ Исроил ҳамкории наздик дорад, то ин бӯҳронро ҳал намояд.

Раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳамчунон роҳҳои дипломатии рафъи бӯҳрони ҳастаии Эрон дар мадди аввал қарор дорад.

Иёлоти Муттаҳида ҳарчанд таъкиди худро барои ҳалли масъалаи атомии Эрон аз роҳи дипломатӣ эълон кардааст, аммо иқдоми низомиро аз гузинаҳои мавҷуд мешуморад.

Рӯзи 5-уми феврал Эрон гуфт, ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ба он бо ҳамла ҷавоб хоҳад дод. Хабаргузории нимарасмии "Форс" аз қавли генерал Ҳусейн Саломӣ, муовини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб, навиштааст, ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз мешавад, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Туркия ҳамлаи низомӣ ба Эронро барои минтақа фоҷиабор хондааст. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури Вазирони умури хориҷии Туркия ва Эрон

Вазирони умури хориҷии Туркия ва Эрон

хориҷии Туркия зимни ҳушдор аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон таъкид кардааст, ки агар иродаи дипломатӣ вуҷуд дошта бошад, ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз роҳи гуфтугӯ вуҷуд дорад.

Вазири хориҷии Туркия, дар нишасти Мюнхен ширкат кард, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: "Агар иродаи қавӣ ва эътимоди дутарафа вуҷуд дошта бошад, масъалаи ҳастаии Эронро мешавад дар чанд рӯз ҳал кард."

Аҳмад Довудоғлу дар Мюнхен гуфт: “Ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон фоҷиабор хоҳад буд. Мо умедворем, ки тарафҳо ба зудӣ бо якдигар дидор кунанд ва дар поён як натиҷаи комил ба даст ояд."

Туркия аз тарафҳои фаъол дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон аст ва даври қаблии гуфтугӯҳои атомӣ ҳам бо мизбонии ин кишвар баргузор шуд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ҳам алоқамандии кишварашро, ки Туркия бори дигар мизбони гуфтугӯҳои атомӣ бошад, иброз дошта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG