Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Исроил дар бораи ҳамла ба Эрон тасмим нагирифтааст


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай фикр намекунад, ки Исроил барои барномаҳои баҳсбарангези Эрон дар бораи ҳамла ба ин кишвар тасмим гирифта бошад. Обама зимни суханони худ аз телевизиони NBC-и Амрико изҳор дошт, ки Амрико бо муттаҳиди худ Исроил ҳамкории наздик дорад, то ин бӯҳронро ҳал кунад. Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳамчунон роҳҳои дипломатии рафъи бӯҳрони ҳастаии Эрон дар мадди аввал қарор дорад. Рӯзи якшанбе Эрон гуфт ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ба он бо ҳамла ҷавоб хоҳад дод. Хабаргузории нимарасмии Форс аз қавли генерал Ҳусейн Саломӣ-фармондеҳи Горди инқилоб навиштааст, ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз мешавад, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG