Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти нави Онишенко дар бораи шири Украина


Ин ҳафта Русия ба нақша гирифтааст, ки воридоти фаровардаҳои баъзе аз ширкатҳои украиниро мамнӯъ эълон кунад. Дар ин бора Геннадий Онишенко-раҳбари Роспотребнадзор изҳорот додааст. Вай гуфтааст, дар баъзе аз манотиқи Русия, аз ҷумла дар вилояти Орлов ва дар Краснодар шир ва фаровардаҳои ширӣ ба муқаррароти беҳдоштӣ мутобиқат накардааст. Ба гуфтаи Онишенко, мақомоти Украина барои рафъи ин нуқс коре накардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG