Пайвандҳои дастрасӣ

Сармои Аврупо ҷони 200 нафарро рабудааст


Дар Белград, Сербистон

Дар Белград, Сербистон

Барф ва сармои шадид дар саросари Аврупо ҷони бештар аз 200 нафарро рабудааст. Баъзе гузоришҳо шумораи онҳоро 300 нафар нишон медиҳанд. Украина ҳамчунон дар сафи пеш қарор дорад. Шаби гузашта 9 нафари дигар дар ин кишвар аз сармо даргузаштаанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки шумораи афроди ҷондода ба 131 нафар расидааст. 1 800 нафари дигар бо сармозадагӣ дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Дар Лаҳистон ё Полша шабона 8 нафар мурдаанд ва шумораи умумии чунин афрод ба 54 нафар расидааст. Дар қисмати марказӣ ва ғарбии Британия барфи зиёд боридааст. Рӯзи якшанбе фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон 50 дарсади парвозҳоро бекор кард. Дар Сербистон бо баъзе минтақаҳо роҳҳои заминӣ баста шудааст.
XS
SM
MD
LG