Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон марзро баррасӣ мекунанд


Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе масъалаи тақсими марз ва таъйини хатти онро баррасӣ мекунанд. Дар гузашта дар нишасти хабарии вазорати хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов-муовини вазири хориҷа ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки бештар аз 50 дарсади қитъаҳои марзии ин ду кишвар дақиқ шудааст. То ҳол дар 471 километр марзи миёни ду кишвар хати марз таъйин нашудааст ва он гаҳ-гоҳ дар мавсими обёрӣ боиси сар задани ҷанҷол миёни сокинони марзии ду тараф мешавад.
XS
SM
MD
LG