Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, дар сурати ҳамла ҳамлаи ҷавобӣ хоҳад кард


Ҳусейн Саломӣ
Ҳусейн Саломӣ
Рӯзи якшанбе Эрон гуфт, ба ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ҷавоб хоҳад дод. Хабаргузории нимарасмии Форс аз қавли генерал Ҳусейн Саломӣ-фармондеҳи Горди инқилоб навиштааст, ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз шудааст, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт. Вай дар ин бора ҷузъиёт надод. Амрико ва Исроил аз имкони ҳамла ба Эрон даст накашидаанд ва мегӯянд, агар бӯҳрони барномаҳои ҳастаии Эрон аз роҳҳои дипломатӣ ҳал нашавад, мумкин аст ба ин кишвар ҳамла сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG